Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон нисбати муфаттиши ШВКД-2-и ноҳияи Сино Мустафоқул Каримов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Муфаттиш, ки аввали моҳи октябр нисбати диктори маъруфи телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд, боздошт шудааст.
Тавре аз Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ хабар доданд, боздошти Каримов бевосита ба парвандаи ҷиноии ахири ҳафтаи гузашта бозшуда нисбати Муаттар Ҷӯраева марбут аст.
«Муфаттиш Каримов барои порагирӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА аз шаҳрванде бо номи Муллоев ба ивази оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Ҷӯраева барои қаллобӣ боздошт шуд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Муллоев миёни шахсоне ном бурда мешавад, ки аз дасти М.Ҷӯраева фиреб хӯрдаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз ҷониби кормандлони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста