Се нафар ваколатдорони калони фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуданд.
Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад, санаи 21 октябри соли 2014 шаҳрванд Муродалӣ Сафаров ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намудааст, ки нисбати кормандони РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе бо номи Маҳмадулло, Нозим ва шахси дигар, ки ному насабашро намедонад, чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурдагон бе ягон асос ӯ ва рафиқаш Шералӣ ном шахсро дастгир намуда, аз ҷайби онҳо маблағи 9 ҳазор рубли русӣ ва тахминан 110 сомонӣ гирифта, онҳоро гӯё дар ҷинояти дуздӣ гумонбар намудаанд ва барои нисбаташон чора наандешидан, боз маблағи 500 доллари ИМА талаб карда истодаанд.
«Оиди ҳолати мазкур 21 октябри соли 2014 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, худи ҳамон рӯз дар ҳудуди тарабхонаи «Вохӯрӣ»-и пойтахт ҳангоми гирифтани маблағи 400 доллари ИМА аз Сафаров М. ваколатдори калони оперативии ШКҶ-и РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Маҳмадулло Ҳикматов, ваколатдори калони оперативии ШКҶ-и РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Азизхӯҷа Халилов ва ваколатдори оперативии ШКҶ-и РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Нозим Рӯзиев дастгир карда шуда, далели шайъӣ - маблағи 400 доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд», - қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур ҳангоми пурсиш гумонбаршудагон вобаста бо сабаби он, ки нисбаташон далелҳои кофӣ ҷамъ оварда шудаасту пешниҳод карда шуд, ба ҷинояти содирнамудаашон нишондодҳои худиқрорӣ додаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Нозим Рӯзиев, Азизхӯҷа Халилов ва Маҳмадулло Ҳикматов бо моддаи 247 қисми 4 банди “4”-и КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста