- Мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв», ки имӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, қарор дар бораи афви ҳар як маҳкумшуда ва судшавандаро мақомоти дахлдор ҷудогона баррасӣ мекунанд, - изҳор дошт ба «Азия-Плюс» прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода.
Ӯ таъкид дошт, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, ки аз ҷониби президент ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод гардид, моддаҳои ҷудогонаи онро шарҳ доданӣ нест.
Дар посух ба савол дар бораи афви бархе аз шахсон, ки ҷиноят содир намудаанд, ба гунаи мисол ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки санаи 29-уми сентябр бо автомашинааш Зевармо Пироваи 54-соларо пахш намуда, боиси ҳалокати ӯ гардид, прокурори генералӣ бори дигар такрор кард: «Ҳар як масъалаи афв алоҳида баррасӣ карда мешавад».
Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашинаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста