Дар дафтари кории Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин манзили зист ва бӯстонсарои раиси ин ҳаракат Каромат Шарипов рӯзи 29-уми октябр кофтуков гузаронида шуд.
Дар торнамои расмии ҳаракат дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки сабаби бозҷӯӣ рӯйдодҳои фоҷеабори рухдода рӯзи 6-уми сентябри соли равон дар бозори «Садовод» аст, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар роҳандозии ин рӯйдодҳои фоҷеабор дар бозори «Садовод» роҳбари ҳаракат, ҳомии ҳуқуқ Каромат Шариповро гумонбар дониста, ӯ мутобиқи моддаи 179, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (маҷбур кардан ба муомилот (амал) айбдор карда мешавад.
Мафҳуми «муомилот» гӯё аз ҷониби К.Шарипов маҷбуран бо маблағи пулӣ ҷалб кардани муҳоҷирон ба амалҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқашон маънидод мешавад.
Дар иттилоъ таъкид мегардад, ки айни замон дар бозори «Садовод» беш аз 6 ҳазор нафар муҳоҷирон машғули кор буда, ҳамватанон ба К.Шарипов телефонӣ дар тамос мешаванд ва аз ӯ кумак мепурсанд.
Гуфта мешавад, кофтуков натанҳо дар дафтари корӣ, балки дар манзили зисти Каромат Шарипов ва бӯстонсарои ӯ низ гузаронида шуда, бозҷӯӣ тибқи маълумоти онҳо, бо айбдорӣ ба ифротгароӣ (экстремизм) сурат гирифтааст.
Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ба ин амал эътироз оварда, бовар доранд, ки чорабиниҳои аз ҷониби мақомоти тафтишот ҷараёндошта дар робита ба рӯйдодҳо дар бозори «Садовод» ва тарзи баргузории онҳо гувоҳи онанд, ки К.Шарипов дар роҳи дуруст қарор дорад.
Иштирокчиёни Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» тасмим гирифтанд, ки бо нома ба президенти Русия муроҷиат намуда, ҳамчунин бо иштироки намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигорони тоҷик ва хориҷӣ оид ба рӯйдодҳо дар бозори «Садовод» нишасти хабарӣ баргузор мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон пешвои ҳаракат Каромат Шарипов дар кумитаи тафтишоти пулис, воқеъ дар кӯчаи Сормови ноҳияи Вихино қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки пас аз рӯйдодҳои фоҷеабор дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар ин бозор зикр карданд, ки дар муноқишаву занозании рухдода миёни таксиронҳо роҳбари ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро гунаҳкор медонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста