Дар вилояти Суғд ҷинояти куштори корманди милиса, ки 11 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар куштори корманди милиса, сокини ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара Маҳмудҷон Акрамов сокини 37-солаи ҳамин ноҳия, қаблан маҳкумшуда бо моддаи 328, қ. 1 КҶ ҶТ (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) Ҳамид Исроилов боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, шаби 22-юми апрели соли 2003 боздоштшуда бо корманди милиса дар назди бинои 23/2-и кӯчаи Ленини шаҳри Исфара вохӯрда, ба ӯ бо корд ду зарба мезанад, ки дар натиҷа корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. «Мақсади ба ин амал даст задани боздоштшуда алҳол маълум нест», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел маводи ҷамъшуда ба парвандаи ҷиноии оғозшуда тибқи моддаи 104, қ. 1 (Одамкушӣ) аз 22-юми апрели соли 2003 илова шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста