Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи як амалиёти бобарор ду нафар сокинони 18-солаи ноҳияи Ёвонро, ки мехостанд дар ҳудуди пойтахт маводи нашъаоварро фурӯшанд, дастгир намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, барои амалӣ намудани хабари оперативӣ, қарор қабул шуд, ки онҳоро бо далели шайъӣ дастгир намоянд.
Гуфта мешавад, фурӯхтани ин бори ҷиноӣ ва ба даст даровардани даромади муфт ба онҳо муяссар нагардида, дар вақти азназаргузаронии шахсӣ аз онҳо бастаи селофанӣ бо маводи растанимонанди буйи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.
Лабораторияи ташхиси судӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш аст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуда, айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони ба ин ҷиноят марбут чораҳои заруриро меандешад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста