Зиёдагул Шарипова, ки бераҳмона сари духтарашро бурида, ӯро кушта буд, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи 7-уми ноябр дар Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе ин ҳукм эълон шуд. Зан мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 30-юми июни соли равон дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федини пойтахт ҷасади хурдсол Мадина Шариповаи 6-сола, тарбиягирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо дарёфт гардид.

Ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум - Зиёдагул Шариповаи 29-сола дастгир карда шуд.