Тибқи маълумоти Иттиҳодияи ғайритиҷоратии кории TRACE International, Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар фасодзада эътироф гардид. Нишондиҳандаи нав оид ба хатарҳои коррупсионӣ аз ҷониби TRACE International дар ҳамдастӣ бо маркази таҳлили амрикоии Rand CorporationTRACE Matrix таҳия шудааст.
Дар рейтинги TRACE International, миёни 197 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 182-юмро касб намудааст. Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Ӯзбекистон дар мақоми поинтар – зинаи 194-ум қарор дорад. Зинаҳои поинтар аз Ӯзбекистонро Ангола, Яман ва Нигерия ишғол кардаанд. Туркманистон дар зинаи 115, Қазоқистон – 141 ва Қирғизистон дар мақоми 161-ум ҷой гирифтаанд.
Таҳлилгарони иттиҳодия Ирландия, Канада, Зеландияи Нав, Гонконг ва Шветсияро кишварҳои аз ҳама бештар аз фасодзадагӣ озод эътироф кардаанд.
Дар рейтинг ба кишварҳо аз рӯйи чор нишондиҳандаи асосӣ – ҳамкории мутақобилаи ҳукуматдорон бо тиҷорат, мавҷуд будани қонунгузории зиддифасод ва истифодаи он дар амал, шаффофияти хадамоти давлатӣ ва расмиёти давлатӣ, имкони назорати ҷамъиятӣ аз болои ҳамаи ин ҷараёнҳо, аз ҷумла аз ҷониби ВАО баҳогузорӣ шудааст.
Дар рейтинги Transparency International дар соли 2013 миёни 175 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 154-умро касб карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста