Собиқ директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, ки соли 2012 ба иттиҳоми қаллобӣ маҳкум шуда буд, метавонад мавриди афв қарор гирад.
Бузургмеҳр Ёров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки агар зерҳимояаш тибқи меъёрҳои қонун «Дар бораи афв» зиёни молии расонидааш ба аҳолиро ҷуброн намояд, метавонад озод карда шавад. «Агар ӯ ба 29 нафар шаҳрвандон манзили зист ё маблағи пулиашонро баргардонад, ки замоне барои сохтмони хонаҳо харҷ карда буданд», - саҳеҳтар иброз дошт адвокат.
Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷурабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба ҷурми содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи «қаллобӣ» ба ҳабс гирифта шуд. Баъдан ба ин парванда боз мувофиқи моддаи «соҳибкории ғайриқонунӣ» дигар парванда илова шуд.
Аз соли 2005 ширкати «Мовароуннаҳр» ба сохтмони хонаҳои ипотекӣ машғул аст, аммо аз аҳолӣ маблағи манзили зистро пурра ё қисман гирифа, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдашуда таъмин кард.
Санаи 5-уми июли соли 2012 Суди олии Тоҷикистон Ҷӯрабек Охунови 53-соларо ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста