Роҳбаладони қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» баҳри ба қаламрави Русия ворид кардани як миқдор маводи мухаддири сахттаъсир талош варзидаанд.
Бино ба итттилои мақомоти прокуратураи вилояти Астрахани Русия, нисбати шаҳрвандони 22 ва 45-солаи Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир тариқи марз ба миқдори ниҳоят зиёд ва омодагӣ ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд хулосаи айбнома тасдиқ шудааст.
Муайян карда шудааст, ки соли гузашта роҳбаладони қатора бо маслиҳати якдигар 30,5 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро, ки дар шишаҳои пластикӣ ҷобаҷо шуда буд, дастрас намуда, ба интиқоли он ба Русия тариқи марзҳои Иттиҳоди гумрукӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авоуосиё кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маводи мухаддирро минбаъд роҳбаладон ба шахсони номаълум доданӣ будаанд.
Зимни азназаргузаронӣ дар марз ва санҷиши вагон дар вилояти Астрахан кормандони хадамоти фаврӣ пинҳонгоҳ бо маводи нашъаовари героинро дарёфт намуданд. Айни замон парвандаи ҷиноии мазкур ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Астрахан фиристода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Сарраёсати «Мусофиркашонӣ»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шарҳи ин масъала ба журналистон бо баҳонаи серкорӣ худдорӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста