Рӯзи 21-уми ноябри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ аз ҷумла, Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҷумҳурӣ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020» баррасӣ гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштироккунандагон оид ба татбиқи минбаъдаи «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017» ва қабули Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои соли 2015 баррасӣ ва қабул гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста