Парванда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ боздошт шуда буд , ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Душанбе фиристода шуд.
Раҳматилло Зойиров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маводи парванда санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд ирсол шудааст.
Мурофа оид ба баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратов, ки кормандони Агентии зиддифасод мавриди тафтиш қарор доданд, моҳи декабр оғоз мегардад.
Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фирситода шуда, сипас ба тавқигоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв метавонад озод карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста