Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шомгоҳон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи боздошти қотилони эҳтимолии бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо хабар дод. Ҷасади бародарон рӯзи 18-уми ноябр дар қаламрави ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуда буд.
Дар гузориши телевизионии аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ таҳияшуда, зикр гардид, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи ноҳияи Ҳисор, қаблан ду маротиба маҳкумшуда барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шахрванде бо номи Ҳоҷӣ Самандар боздошт шудааст.
Боздоштшуда дар гузориши телевизионӣ мегӯяд, сабаби қатли бародарон Каримовҳо қарзҳояшон аз маводи нашъаовари гирифтаашон аст. Ҳоҷӣ Самандар қайд мекунад, ки ба бародарон миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири сахттаъсир – 100 кило героинро дода, вале маблағи пулӣ барои «мол»-ро нагирифтааст.
«Ман онҳоро бояд мекуштам, вагарна онҳо маро ба қатл мерасониданд, - гуфт назди камераи телевизион Ҳоҷӣ Самандар.
Гуфта мешавад, бо мақсади қатли бародарон ӯ ду нафар киллерҳо (одамкушон) аз ноҳияи Ҳисорро киро намудааст, ки яке аз онҳо қаблан барои одамкушӣ 15 сол маҳкум шуда, дигарӣ барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Русия мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Ба қавли онҳо, бо фармоиши Ҳоҷӣ Самандар онҳо ҳамроҳ бо ӯ бародаронро ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар як макони қулай нахуст ба сари онҳо бастаҳои пластикӣ мепӯшонанд ва сипас ба онҳо тир кушодаанд. Пас аз ин қотилон ҷасади бародарон Каримовҳоро гӯр кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми ноябри соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани бародаронаш бо ариза муроҷиат кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста