Пас аз беҳбуди вазъи солимии раҳбари « Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов, ки рӯзи чоршанбе аз зарбаҳои корд дар шаҳри Маскав захмӣ шуд, мақомоти пулиси шаҳри Маскав ӯро ба ҳабс гирифтанист.
Тавре хабаргузории «BaltInfo» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав иттилоъ медиҳад, айни замон дар бемористоне, ки захмишуда бистарист, кормандони пулис посбон гузошта шудаанд. «Баъди беҳбуди вазъи солимиаш, ӯ ба ҳабс гирифта мешавад, аммо то ҳол табибон вазъи солимии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд», - иброз доштааст манбаъи хабаргузорӣ.
«Зимни таҳқиқи ҷойи ҳодиса кормандони пулис таппончаи Макаровро дарёфт намудаанд, ки яқинан ба захмишуда мутааллиқ аст. Фарзияи асоси рух додани ҳодиса интиқомгирӣ будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, баъди ба М.Иброҳимов дарафтодан, ҳамлагарон ба автомашинаи тамғаи хориҷии интизори онҳо нишаста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳеҷ чизи ҷабрдида рабуда нашудааст ва маҳз бо ҳамин сабаб кормандони пулис бар ин назаранд, ки ҷиноят на бо мақсади тамаъҷӯӣ, балки ба хотири интиқомгирӣ содир карда шудааст», - гуфтааст сарчашмаи хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки зодаи 36-солаи Тоҷикистон, ки доимо дар вилояти Ростов зиндагӣ мекардааст, рӯзи 7-уми октябри соли равон аз ҷониби Тоҷикистон барои ифротгароӣ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда будааст.
Ёдрас мекунем, ки шаби 26-уми ноябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум ба ҷони раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов сӯиқасд сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста