Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Алоев боздошт шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 9 килою 520 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Гуфта мешавад, дар ин рӯз, ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани як чорабинии оперативии дигар дар пойтахт автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Маҳмадсаид Бобоеви 26-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, боздошт карда шуда. дар вақти азназаргузаронии воситаи нақлиёти мазкур аз бағоҷаш 430 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста