Бо қарори суди шаҳри Хоруғ, табиб Заррина Курбонмамадова, гумонбар дар марги зани ҳомиладор Мумтоз Ширинбековаи 26-сола, ки дарҳол баъди таваллуд ҳалок шуда буд, мавриди афв қарор гирифт.
Заррина Қурбонмамадова мутобиқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) айбдор дониста мешуд.
Ҳамсари зани ҳалокшуда Эҳсон Шогунов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо санаи 21-уми ноябр дар мурофиаи судӣ нисбати табиб иштирок карда, дар он судшаванда ба гуноҳаш иқрор шудааст ва изҳори пушаймонӣ намуда, аз суд дархост намудааст, ки нисбати ӯ қонуни афв мавиди амал қарор дода шавад. «Сипас суд дархости ӯро қонеъ намуда, ҳатто ҳеҷ ҷаримае ҳам таъин накард», - шикоят кард номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, хешону наздикони зани ҳалокшуда ба ин қарори суд розӣ набуда, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 1-уми декабр аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданианд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июни соли равон сокини 26-солаи шахри Хоруғ Мумтоз Ширинбекова пас аз ҷарроҳӣ барои таваллуд дар бемористони ВМКБ ба ҳалокат расид. Табибон ҳаёти занро наҷот дода натавонистанд, вале тифли зодаи ӯ, духтарча солим ба дунё омад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста