Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ин вилоят қариб 17 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон бо гумонбарии даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шаҳрванди 52-солаи Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шудааст.
«Дар вақти дастгиршавӣ аз борхалтаи варзишии ӯ 16 бастачаҳои чоркунҷашакли прессшуда бо бӯйи махсус дарёфт ва мусодира гардид, ки мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ, маводи мусодирагардида навъи ҳашиш буда, вазни он қариб 17 килоро ташкил дод», - омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, дар вақти гузаронидани тафтишоти пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда маводи нашъаоварро аз ҳудуди вилоят ба шаҳри Оши Қирғизистон ва баъдан ба Русия интиқол доданӣ будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии АНМН бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентии дар ВМКБ ворид карда шудааст ва айни замон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин ҷиноят дастдошта чораҳои зарурӣ меандешад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста