Ахири ҳафтаи сипаришуда мақомоти интизомии вилояти Суғд беш аз 256 ҳазор адад маснӯъоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд.
Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 7-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ боздошт ва зимни кофтукови шахсии ӯ 240 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира шудааст. «Ҳамчунин боз аз як сокини 21-солаи шаҳр низ 10 ҳазор адад чунин мавод дарёфт ва мусодира шуд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба шаҳрванди 18-сола Р.Р., ки дар шаҳри Истаравшан боздошт ва аз ӯ 6,7 ҳазор адад маводи пиротехникӣ дарёфту мусодира шуда буд, мутобиқи моддаи 199-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 7-уми апрели соли 1997, ворид намудан ва фурӯши маснӯоти тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистион манъ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста