Ширкати «Таком» корманди онҳо будани шахси гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Суғдро рад кард.
Бино ба маълумоти ширкати «Билайн» (ҶДММ «Таком») дар ин робита, онҳо ин маълумоти дар ВАО интишоршударо санҷида, аз рӯйи натиҷаҳои он иттилоъ медиҳанд, ки ин шахс ҳеҷ гоҳ бо ширкат ягон муносибати корие надоштааст. «Маълумот дар бораи бо ҶДММ»Таком» қарордоди меҳнатӣ доштани М.Л. асоси воқеъӣ надорад», - гуфта мешавад дар маълумоти ширкат.
Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми декабр «Азия-Плюс» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки хонандагони синфи 11-ум ариза додаанд, ки дар ҷамоати Хистеварз ду шахси номаълум худро кормандони мақомоти интизомӣ муаррфӣ намуда, маснӯоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-и онҳоро ошкор карданд ва сипас толибимонро ба автомашинаашон шинонида, аз С.А. шиносномаашро гирифтаанд. Дар идома онҳо бо роҳи фиреб барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани наврасон аз онҳо 200 доллари ИМА маблағ талаб карда гирифтаанд.
Манбаъ иттилоъ дода буд, ки дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал ду нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – корманди 24-солаи нерӯгоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» Д.В. ва корманди 25-солаи ширкати мобилии «Билайн» М.Л. боздошт шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста