Ба иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум дар мурофиаи кушода оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ боздошт шуда буд , иҷозат надоданд. Мурофиаи судӣ имрӯз дар Душанбе оғоз гардид.
Субҳи имрӯз дар назди бинои суд журналистони зиёде ҷамъ омада, ҳама интизори оғози мурофиа буданд, вале баъди чанде намояндаи суд назди онҳо баромада, изҳор кард, ки барои иштироки журналистон дар мурофиа бояд аз суд иҷозат бигирад. Баъди 5 дақиқа ба рӯзноманигорон эълон карданд, ки мурофиа аллакай оғоз гардида, пас аз судя дигар онҳо ба толор ворид шуда наметавонанд.
Шуҳрат Қудратов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Пора додан)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешавад.
Адвокат Исҳоқ Табаров, ки ӯ низ ба мурофиаи судӣ ҳозир шуда буд, изҳор кард, ки бинобар сабаби исботи худро наёфтани айбномаҳои пениҳодшуда ва истифодаи афв нисбати судшаванда, ба аз толори суд озод шудани айбдоршаванда умедвор аст.
Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд ирсол шуд.
Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста