Ҳангоми фурӯши говҳои дуздидашуда дар Қӯрғонтеппа ду сокини ноҳияи Ёвон боздошт шуданд.
Тавре як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, онҳо аз ҷониби кормандони милиса дар бозори фурӯши чорвои Қурғонтеппа зимни фурӯши говҳо боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон – Саидмурод Шодиеви 27-сола ва Парвиз Қосимзодаи 27-сола ба дуздии 7 сар гови ҳамдиёронашон иқрор шудаанд. «Арзиши говҳои дуздидашуда беш аз 20 ҳазор сомонӣ аст», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста