Дар шаҳри Хуҷанд 11 нафар аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи мурофиаи мазкур Шуҳрат Аҳроров хабар дод, рӯзи панҷшанбе дар суди вилоят мурофиаи баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 11 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони узвият дар «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон)» ба анҷом расид.

Бино ба гуфтаи манбаъ, 9 нафари онҳо сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент, 1 нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен ва 1 тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд буда, миллаташон ӯзбек ва синни аз 23 то 43-сола мебошанд.

Қаблан  иттилоъ дода будем , ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз 26-уми сентябри соли ҷорӣ 2 тан аз онҳоро, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд, боздошт намуданд. Сипас тибқи нишондоди онҳо, боқимонда ҳаммаслаконашон низ дастгир шуданд.

Судя қайд кард, ки миёни маҳкумшудагон раҳбари ҲИӮ дар шаҳри Екатеринбурги Русия, зодаи 36-солаи Панҷакент Мансур Бобоёров низ ҳузур дорад. Ӯ соли 2010 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, ихтиёрӣ ба сафи ҲИӮ шомил мегардад.

«Амири ҲИӮ дар Русия шахсе бо номи Абдуғанӣ ӯро раҳбари ҲИӮ дар Екатеринбург таъин мекунад ва минбаъд Бобоёров бо ҷалби шаҳрвандони ӯзбекзабони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба таблиғи афкори ифротгароёнаи ин ҳаракат машғул шудааст. Баъди бозгашт ба Панҷакент низ бо ҷалби аъзои нав ба ҳаракат бо ин амал сарукор доштааст», - иброз дошт судя.

Суд Мансур Бобоёровро ба 19 соли зиндон, ҳаммаслаки ӯ, сокини ноҳияи Спитамен Элдорҷон Холматовро ба 12 соли зиндон ва боқимонда аъзои ин гурӯҳро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамаи маҳкушудагон ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунанд.

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст. Раҳбари ҳаркати мазкур Тоҳир Юлдошев, ва сарвари банди низомӣ Ҷуъма Ҳоҷиев мебошанд.

ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ ҳисобида мешавад.

Фаъолияти ҲИӮ аз тарафи ҳукуматдорони Ӯзбекистон назора карда мешавад, ва дар алоқамандӣ ба ин, аксари раҳбарон ва аъзоёни қатории ҳаракати мазкур дар муҳоҷират қарор доранд. Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд.

Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. Дар ҷараёни танзимнамоии низои дохилитоҷикӣ фармондеҳони сайёри ҲИӮ аз иҷро кардани шартҳои созишномаеро, ки дар байни ҳукумат ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик ба тасвиб расонида шуда буд, дасткашӣ карданд. Моҳи августи соли 1999 сафҳои ҲИӮ (бо шумораи қариб 1000 нафар) ба ноҳияҳои ҷанубии Қиригизистон зада даромаданд. Моҳи октябри ҳамон сол, сафҳои ҳаракати мазкур қаламрави ин ҷумҳуриро тарк карданд. Дар замони амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон аъзоёни ҲИӮ дар муқовимати нерӯҳои муттаҳидаи байналмилалӣ иштирок карданд. Зимни бомбаборонкуниҳо дар моҳи ноябри соли 2001 раҳбари ҳарбии ҳаракти мазкур Ҷуъма Ҳоҷиеви намангонӣ вафот кард.

Қисмҳои низомии ҲИӮ, ки ба тарк кардани хоки Афғонистон маҷбур шуданд, бо раҳбари он Тоҳир Юлдошев дар музофотҳои Покистон, Вазиристони шимолию ҷанубӣ маскан гирифтанд ва дар он ҷо дар ҷангҳои Вазиристон ба ҷониби Толибон бевосита ширкат варзиданд.