Суди вилояти Суғд ду нафар сокинони вилоятро барои куштори бераҳмона ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур судяи суди вилоят Абдуфайёз Абдуҷабборӣ хабар дод, суд сокинони ҷамоати Ошоби ноҳияи Ашт Ҳошим Камолов ва Раҳмоналӣ Юсуфовро дар куштори бераҳмона гунаҳкор эътироф намуда, онҳоро мутаносибан ба 23 ва 17 соли зиндлони низомаш шадид маҳкум намуд.
Ба гуфтаи судя, моҳи сентябри соли ҷорӣ ин ду нафар бо Шокир Раҳмонов ном шахс ҳамроҳ нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, миёнашон муноқиша сар мезанад ва сипас онҳо дасту пойи Раҳмоновро баста, аз гулӯяш ресмон мегузаронанд. «Баъдан дар чунин ҳолат ӯро дар ҷойи ҳодиса гузошта, худашон аз он ҷо мераванд, ки дар натиҷа Раҳмонов нафасгир шуда ба ҳалокат мерасад», - гуфт судя.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста