Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» мутмаин аст, ки пас аз боздошти ҳамсараш тамоми ахли олиаашон дар амну офият нест. Ахиран Қувватов ҳамроҳи оилааш дар Истамбул зиндагӣ мекарданд.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Қумринисо Ҳафизова дар ин робита изҳор намуд, ки бо дархости кумак ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон муроҷиат кардааст. «Ман хостори кумаку дастгирӣ аз президент Эрдуғон ҳастам. Агар ҳамсарамрову моро истирдод намоянд, бовар дорам, ки дигар ӯро зинда намебинам», - иброз дошт вай.
Қ.Ҳафизова ҳамчунин таъкид дошт, ки аз боздошти ҳамсараш ҳамаи фарзандон, ҳатто кӯдакони хурдсолаш низ огаҳанд. «Ҳатто духтарчаи хурдсоли 3-солаи мо, ки зимни боздошт ҳамроҳи ман буд, бо ашк дар чашмонаш аз кормандони пулис хоҳиш кард, ки ӯро ҳам боздошт кунанд», - мегӯяд ин зан.
Ба гуфтаи ӯ, духтарони калонии Умаралӣ Қувватов барои таъмини бехатарии худи онҳо дар хона қарор надоштаанд. «Ҳангоми боздошти Умаралӣ, кормандони пулис дар куҷо будани кӯдакони боқимондаро пурсиданд. Онҳо аллакай дар масҷид буданд ва шабро ҳамон ҷо рӯз карданд. Баъдан Умаралӣ гуфт, ки онҳоро биёранд, то ки дар чунин лаҳзаҳои мушкил ҳамроҳ бошанд», - афзуд Қ.Ҳафизова.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Истамбул пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов боздошт шуд. Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева хабар дода буд . Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик Николай Николаев низ тасдиқ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста