Соли 2014 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон 21 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир шуд, ки 16-тоаш пурра ва 5-тоаш қисман эътирофи бегуноҳӣ мебошад.
Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азиззода дар ин робита таъкид дошт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ комилан ба нафъи мансабдорони гумонбаршуда ба қонуншиканӣ содир нашудаанд.
Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ҳамчунин изҳор намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳои кишвар 5 ҳукми ҳабси абад содир шудааст, ки айни замон ҷазои қатлро иваз мекунад. «Асосан афроде, ки дар кушторҳои бераҳмона ва терроризм даст доштанд, ба ҳабси абад махқум шуданд», - иброз дошт Азизов.
Ба қавли ӯ, аз рӯи далелҳои содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ соли гузашта нисбати 978 намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ки аз ин шумор 35 нафарашон маҳкум шудаанд. «Ду нафар судя аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Ваҳдат, ки дар ришваситонӣ гунаҳкор эътироф шуданд, низ ҷазо гирифтанд», - гуфт ӯ.
Зафар Азизззода зикр кард, ки соли 2014 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 131 ҳазору 998 парвандаҳои судӣ баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4 ҳазору 472 парванда камтар аст.
«Аз ин шумор 12 ҳазору 29-тоаш - парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҳудуди 35 ҳазору 359 адад – парвандаҳои оилавӣ, 9 ҳазору 160 адад – парвнадаҳои ҷиноӣ, 49 ҳазору 600 адад – парвандаҳои қонуншикании маъмурӣ мебошанд», - афзуд раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста