Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода ба журналистон иттилоъ дод, ки дар қатли оилаи Халлоқовҳо аз ноҳияи Исфара шаҳрванди Қирғизистон гумонбар дониста мешавад.
Ӯ зикр кард, ки ҷинояти куштори пурсарусадои оилаи Халлоқовҳо иборат аз 4 нафар ошкор гардида, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон Нурйигит Нуралиев гумонбар дониста шудааст.
«Мо алҳол хулосаи ташхис аз Маскавро интизорем ва вақте ташхиси генетикӣ дастрас шуд, масъалаи ирсоли парванда ба Прокуратураи генералии Қирғизистон ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ин шаҳрванд ҳаллу фасл мешавад», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми августи соли 2013 дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон чор нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд. Дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, духтараш ва наберааш кушта шуда буданд.
Ҳамчунин ошкор шудааст, ки Нурйигит Нуралиев санаи 5-уми сентябри соли 2013 ба содир намудани чунин ҷиноят дар қаламрави кишвари худ даст зада, оилаи Эралиевҳо иборат аз 6 нафарро ба қатл расонидааст ва аз ҷониби мақомоти интизомии Қирғизистон боздошт шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста