Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархости рӯбарӯкунии соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Кумитаи амволи давлатӣ Матлубхон Давлдатов ва муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саидовро рад кард.
Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкор ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки Агентии зидддифасод раддияи худро бо он асоснок намудааст, ки мансабдорони зикршуда ба тафтишоти қисмати иқтисодии парандаи ҷиноии Зайд Саидов ҳеҷ муносибате надоранд.
«Пас аз анҷоми тафтишот парванда айни замон мавриди баррасии прокуратура қарор дошта, баъди он ба Суди олӣ ирсол мегардад. Зерҳимояи ман то ҳол дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ қарор дорад», - иброз дошт адвокат.
Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли 2014 Зайд Саидов дар доираи парвандаи ҷиноӣ, ки дар он ӯ ба содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам карда мешавад, рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми дар боло зикршударо дархост карда буд.
Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.
Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.
Ба парвандаи З.Саидов моддаҳои нави КҶ ҶТ - 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 314, қ. 2 (Суистифода аз мақоми хизматӣ), 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ), 362, қ. 3 (Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке, ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад) ва 292, қ 2 (Саркашии шахси ҳуқуқӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо) илова шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста