Рӯзи 9-уми январ вохӯриивВазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии Шӯъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар толори Вазорат доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз дастовардҳо ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, конференсияҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки аз ҷониби Сарвари Давлат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, танҳо дар давоми соли 2014 6-маротиба вохӯриҳо гузаронида шуд. «Дар навбати худ ҳар яки мо бояд фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, сазовори боварии Роҳбари Давлат бошем», - гуфт вазир.

Инчунин, қайд гардид, ки барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо кӯмаку дастгириҳои Роҳбари Давлат ба ҷузъу томҳои ВКД нақлиётҳои хизматӣ, хонаҳои истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ ва роҳхатҳо барои фароғату истироҳати кормандону собиқадорон ба осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо муҳайё карда шуд. 

Вазири корҳои дохилӣ иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таъкид намуда, қайд кард, ки ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор бо ҷалби шахсони обрӯманд ва аҳли ҷамоатчигӣ самаранок ба роҳ мондани корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳо ва вохӯриҳои судманд бо ноболиғону ҷавонон таҳким бахшида шавад.

Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ” таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмин будани нозирони минтақавӣ бо утоқҳои корӣ ва  шароити мусоид пурсон шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ин давра дар ШВКД ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 Минтақаҳои маъмурии милитсия аз таҳкурсӣ бунёд гардида, 53 минтақаҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз намудани ҳама иншооту муассисаҳо ва таҳти назорати қатъӣ қарор додани дастгоҳҳои мушоҳидавӣ, таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон  ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ таъкид намуд.

Зикр гардид, ки ҳамкории кормандони милитсия бо аҳолӣ тавассути телефони боварӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар кушодашавии ҷиноятҳо ва пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ, таъсири беандозаи худро расонидааст.

Инчунин қайд карда шуд, ки шурӯъ аз мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ оиди кор бо ҷомеа ва ёварони сардорони шӯъба оиди кор бо ҷомеа, самти фаъолияти худро аз ин ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, сазовори боварӣ ва эътимоди мардум бошанд.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки муборизаро бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлуб ва назоратро дар самти риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ пурзӯр намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни Вазири корҳои дохилӣ ва  кормандони ШВКД дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сӯҳбати озоду самимӣ доир гардида, ҷиҳати пешравии фаъолияти хизматӣ таклифу пешниҳодҳо иброз гардид.