Шумори парвандаҳои ҷиноии марбут ба ифротгароӣ, ки соли 2014 аз ҷониби Суди олии кишвар баррасӣ шудаанд, нисбат ба соли 2013 ба таври қобили мулоҳиза афзуд.
Раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар Суди олӣ 25 парвандаи ҷиноӣ нисбати 35 нафари гумонбар ба ифротгароӣ баррасӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 мутаносибан 10 парванда ва 9 нафар гумонбарон зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, Н.Абдуллозода маълумоти интишоршуда аз ҷониби як қатор ВАО дар бораи дар Суди олӣ мавриди баррасӣ қарор доштани парвандаҳо нисбати тарафдорони созмони ифротгарои «Гурӯҳи 24»-ро рад кард. «Суди олӣ чунин парвандаҳоро баррасӣ накарда, имрӯз ҳам дар баррасии Суди олӣ нестанд», - қайд кард Абдуллозода.
Зимнан зикр гардид, ки чунин парвандаҳо шояд дар дигар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта бошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста