Ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.
Раиси дастгоҳи Суди олии ҶТ Ҳабибулло Амирбекзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 8-уми декабри соли 2014 Суди олии ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори дахлдор содир намуда, фаъолияти торнамои ҳаракат ва дастрасӣ ба он низ қатъ карда шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибдорони ҷараёни Салафия мутобиқи моддаи 307, дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароёна) ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.
Аз соли 2006 бо пешниҳоди Прокуратураи генералии ҶТ 10 гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Таблиғ», «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут Таҳрир» ва ғайра ба феҳристи созмону ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда шомил гардиданд. Санаи 9-уми октябр бо шомил гардидани ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» шумори чунин созмонҳо дар рӯйхат афзуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста