Дар мурофиаи судии идомадошта оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов зимни сухани ниҳоии худ айбдоршаванда аз суд дархост намуд, ки ба айбнома баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, бегуноҳии ӯ эътироф карда шавад.

Шуҳрат Қудратов аз суд дархост намуд, ки айбномаи ба ӯ пешниҳодшуда тибқи моддаи 320 (Додани пора) бекор шавад, зеро дар ҷараёни тафтишот он исботи худро наёфтааст. «Тафтишот нисбати ман якҷониба буд ва дархост дорам, ки чор сабти аудиоӣ, ки дар онҳо бегуноҳиам дар пешниҳоди пора исбот мешавад, мавриди омӯзиш қарор гирад», - гуфт ӯ.

Дар суд адвокат изҳор намуд, ки зимни ҳимоят аз манфиатҳои судшаванда Амиралӣ Сумалаев дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯ воқеъан ҳам аз зерҳимояаш маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои ба судя пора додан, балки барои ҷуброни зарари ҷабрдида – директори ширкати «Пайванд» Бадриддин Қаноатов.

Дар идома ӯ айбномаи тибқи моддаи 247 (Қаллобӣ) ба ӯ пешниҳодшударо хотирррасон намуда, зикр кард, ки 7 ҳазор доллари ИМА-и аз Тӯрабек Охунов, бародари роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» гирифта ҳақмузди кораш барои хизматгузории адвокатӣ аст ва гузашта аз ин, хешони ӯ аллакай ин маблағро ба Тӯрабек Охунов баргардонидаанд.

Имрӯз суд ҷиҳати таъин намудани ҳукм аз рӯйи ин парвнада ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, содир шудани ҳукм пагоҳ, рӯзи 13-уми январ дар назар аст.

Санаи 7-уми январ Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, айбдоркунандаро тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз суд дархост намуд, ки ӯро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кунад.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ  ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи  мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и  аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд.