Имрӯз суди шаҳри Душанбе адвокат Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ манъ карда шуд.
Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 сол ва тибқи моддаи дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум намуда, аммо бо назардошти қонуни афв, муҳлати ҷазо то 9 сол кам карда шуд.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, дар мурофиаи судии идомадошта оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, зимни сухани ниҳоии худ айбдоршаванда аз суд дархост намуд, ки ба айбнома баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, бегуноҳии ӯ эътироф карда шавад.
Дар сухани ниҳоии худ Шуҳрат Қудратов ҳамчунин аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ оид ба мусодираи амволаш изҳори норозигӣ карда, иброз дошт, ки «аввал исбот кунед, ки телефони ба сифати далели шайъӣ мусодирашуда ва мошини ба ҳабс гирифташудаи ман бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, сипас мусодира кунед».
Санаи 7-уми январ Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, айбдоркунандаро тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз суд дархост намуд, ки ӯро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кунад.
Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд ирсол шуд.
Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста