Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар ин назар аст, ки бо дастгирии сарвари давлат сол то сол шароити хизмати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беҳтар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни суханронӣ дар ҷаласаи Мушовараи Вазорат Рамазон Раҳимзода дар ин робита зикр кард, ки давоми соли 2014 бисёр биноҳои нав ва иншоот барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди истифода қарор гирифтанд.
«Аз ҷумла сохтмони биноҳои Дастаҳои таъиноти махсуси милитсия дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва Рашт, биноҳои шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шӯробод, шуъбачаҳои минтақавии милитсия дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино, Рўдакӣ, Восеъ ва ғайра, дармонгоҳи тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Рашт, бунёду азнавсозии қисми ҳарбии 3502 (ба маблағи 10 миллион сомонӣ), ба истифода додани бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ-хизматӣ, оғози бунёди бинои замонавии Академия ва таҷдиду азнавсозии қисми ҳарбии 5453 аз дастовардҳои беҳтарин дар соли сипаригашта ба ҳисоб мераванд», - гуфт ӯ.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд кард, ки ҳамзамон дар соли сипаригашта ба зиёда аз 230 нафар кормандони мақомот қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба 76 нафар хонаи истиқоматии хизматӣ, ба ҷузъу томҳои мақомот 96 - адад автомашинаҳои хизматӣ, зиёда аз 500-адад таҷҳизоти техникӣ ва ба 162 нафар занони мақомот маблағҳои пулӣ дода шуд.
«Бо мақсади дастгирии фарзандони оилаҳои бесаробонмондаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд, ки айни замон беш аз 100 нафар дар он бо таҳсил фаро гирифта шуданд», - иброз дошт Рамазон Раҳимзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста