Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳо м и дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Қувватов аз Туркия ба унвони ҳукуматдорони ин кишвар дархост ирсол намуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар ин робита қайд кард, ки Қувватов, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта барои риоя накардани му қаррароти будубош дар ин кишвар боздошт шуда буд, дар Тоҷикистон ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ ва кӯшиши ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар гумонбар дониста мешавад.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки аз замони ифротгаро эълон шудани «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон , дар ҷумҳурӣ се нафар ҷонибдорони он боздошт шудаанд. «Ғайр аз ин, 8 нафар тарафдорони ин гурӯҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт шуда, истирдод ба ватанро интизоранд», - гуфт вазир.
Ёдрас мекунем, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро, ки созмониҳандааш шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст, ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 19-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста