Омӯзгори факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав барои қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Аз Раёсати зиддифасоди вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки омӯзгор Раҷабмурод Ҳусейнов дар 18 далели қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. «Соли 2013 ӯ ба якчанд нафар довталабон мусоидат намудан барои қабул ба донишгоҳро ваъда кардааст», - гуфтанд дар раёсати мазкур, лекин оид ба ҳаҷми маблағи азхудкардаи омӯзгор бо ин роҳ маълумот дода нашуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбати Ҳусейнов мутобиқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Тибқи маълумоти Раёсати зиддифасоди вилоят, соли гузашта аз ҷониби кормандони соҳаи маориф 40 ҷинояти гуногун содир гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста