Корманди фаврии ШВКД-2-и ноҳияи Синои Душанбе, капитани милиса Ҷамолиддин Одинаев ба гирифтани пора дар ҳаҷми 5,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, шаҳрвандон Ҷалилова Н.С. ва Ҷалиловыа С.С. ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки моҳи ноябри соли 2014 Ҷ.Одинаев ба боварии онҳо даромада, ба ивази маблағи муайян қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати бародарашонро ваъда додааст.
Ба иттилои манбаъ, санаи 8-уми январ нисбати Ҷамолиддин Одинаев мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Худи корманди милиса ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гирифтани 5,5 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ боздошт шуд», - иттилоъ медиҳад Агентӣ.
Гуфта мешавад, ҳамзамон, дар рафти кофтукови шахсии Ҷ.Одинаев аз кисаи рости шимаш як миқдор хокаи рангаш хокистаранги бӯи ғализдоштаи ба маводи нашъадор монанд дарёфт карда гирифта шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тафтишоти пешакӣ баҳри пурра ва объективона муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои воқеъии ин ҷинояти коррупсионӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста