Шаби 21 ба 22 январ кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти “таҳвили назоратшавандаи дохилӣ” гузарониданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар марҳилаи ниҳоии амалиёт дар яке аз хонаҳо дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – сокини 30-солаи шаҳри Кобул боздошт гардида аз борхалтаи ӯ қариб 10 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Гуфта мешавад, тафтишот муайян намуд, ки шаҳрванди Афғонистон пешакӣ бо як сокини маҳаллӣ маслиҳат намуда, маводи нашъаоварро ба Кӯлоб барои фурӯш оварда будааст. Гурӯҳи оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят – сокини 30-соларо муайян ва дастгир намуд. Маълум гашт, ки ӯ қаблан ду маротиба барои дуздии молу мулки ғайр суд шуда будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 - “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъба ворид карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста