Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб дар посух ба саволи журналистон оид ба нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншуда изҳор намуд, ки шахсоне, ки ба онҳо ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст, бояд маблағҳои гирифтаашонро ба давлат баргардонанд.
«Собиқи раиси раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева муддати 4 сол ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ гирифта, ҳаҷми нафақаи моҳонааш беш аз 17 ҳазор сомониро ташкил додааст ва дар ин ин давра ӯ дар маҷмӯъ ба маблағи 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст», - иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин ӯ корманди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро низ дар ин робита мисол оварда, аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид ва изҳор намуд, ки тайи 4 соли ахир нафақаи маъюбии моҳонаи ӯ 1815 сомониро ташкил дода, ҳамагӣ 72 ҳазор сомонӣ аз ин ҳисоб маблағ гирифтааст. «Чунин далелҳои ғайриқонунӣ таъин шудани нафақаи маъюбиро мо ошкор намуда, кор дар ин самт идома дорад», - қайд кард Ф.Ғоиб.
Ҳамин тариқ, ба қавли роҳбари Агентӣ, давоми соли гузашта 37 ҳазору 548 нафар нафақахӯрон оид ба муайян кардани гурӯҳи маъюбӣ аз ташхиси тиббӣ гузашта, гурӯҳи маъюбии 10 ҳазору 827 нафар бекор карда шудааст, ки ин 30% аз шумори умумии нафақахӯрони маъюби ҷумҳурӣ аст.
«Аз ин шумор 7 ҳазору 46 нафарашон комилан солим баромаданд! Боқимонда бо роҳҳои ғайриқонунӣ гурӯҳҳои маъюбиро иваз намудаанд», - таъкид дошт роҳбари Агентӣ.
Зимнан зикр гардид, ки тибқи ҳисобу китоби кормандони Агентӣ, маблағи умумии зиёни расида аз ин амалҳо 14 млн. 718 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст. «Дар содир намудани чунин амалҳо Фонди нафақа ва кормандони маркази ташхиси судиву тиббӣ гунаҳкоранд, ки гурӯҳи маъюбиро муайян карда, нафақа таъин мекунанд», - афзуд директори Агентии зиддифасод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста