Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб имрӯз тайи як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки нисбат ба роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба гумони даст доштан дар гаравгонгирии одамон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Вай афзуд, ки дар ин қазия шахсони ҷабрдида зиёданд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таъсиру фишор, наметавонад шахсияти онҳоро ифшо кунад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб аз ҷумла гуфт: “Дар ҳақиқат, ҷабрдидаҳое ҳастанд, ки бо Қувватов якҷоя кор кардаанд. Вай тиҷорати онҳоро аз худ намуда, аз дар пеш кардааст. Дар ин парванда ҳолатҳои гаравгонгирӣ ҳам ҳаст, одамонро як моҳ дар манзиле дар Қурғонтеппа, сипас оварда дар Душанбе дар боздошт нигоҳ медорад. Як нафари онҳо афғон аст. Ин ҳама ба хотири бо ҳар роҳу восита таъсир расонидану тиҷорати онҳоро аз худ кардан анҷом шудааст”.
Дар посух ба ин суол, ки оё ба далели даст доштани Умаралӣ Қувватов дар гаравгонгирии одамон, нисбат ба ӯ аз рӯйи моддаи дахлдор парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва агар тафтиши он ба салоҳияти Агентии зидди фасод набошад, пас дар баррасии кадом мақомот аст, раиси ин ниҳод Абдуфаттоҳти Ғоиб гуфт: “Ба салоҳияти мақомоти мо нест, аммо вақте ки парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти мақомоти мо аст, қонунгузор иҷозат медиҳад ва дигар ҷиноятҳоро бо дастури прокурори генералӣ мо таҳқиқ карда метавонем. Бале, парванда оғоз шудааст”.
Дар робита ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев , раҳбари пешини корхонаи кимиёи шаҳри Исфара, сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, дарвоқеъ ӯ ба ҳабс гирифта нашуда буд, балки ҳаққи берун рафатан аз маҳалли иқоматро надошт. “Баъд аз анҷоми тафтишот, як моҳ пеш аз фирораш, мо ба воситаи мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятиро ба додгоҳ ирсол намудем. Мо ӯро пайдо кардем, даъватномаро ба дасташ додем. Вақте бо корманди суд ба назди бинои Додгоҳи олӣ меравад, аз ҳамон ҷо ғайб мезанад. Ҷӯраев феълан таҳти ҷустуҷӯйи Интерпол аст, вале бар асоси маводи пешниҳодкардаи Додгоҳи олӣ. Мо ҳам дар канор нестем, бо мақомоти дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунем, бо онҳо дар тамос ҳастем. Вале айни замон аниқ гуфта наметавонем, ки ӯ дар куҷо аст”, - изҳор дошт Абдуфаттоҳи Ғоиб.
Роҷеъ ба қазияи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов , муовини аввали роҳбари Агентӣ Миллопар Бандишоев хабар дод, ки тафтиши парвандаи ӯ комилан ба анҷом расида, дар маҷмӯъ 35 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шудааст.
«Аз 35 ҳолати мазкур 16 ҳолат ба моддаи 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 6 ҳолат ба моддаи 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 13 ҳолат ба моддаи 262 (Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда) 11 ҳолат ба моддаи саркашӣ кардан аз пардохти андоз ё боҷҳо аз шахси ҳуқуқии Кодекси ҷиноятии ҶТ рост меояд», - гуфт Бандишоев.
Ба суол дар бораи рад шудани дархости Зайд Саидов оид ба рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, Матлубхон Давлатов ва Давлаталӣ Саидов роҳбари Агентии зиддифасод Абдуфаттоҳ Ғоиб посух дод, ки агар суд зарур шуморад, онҳоро ба сифати шоҳидон дар суд даъват карда метавонад.
«Вале худатон андеша кунед, Убайдуллоев ба пардохт нашудани андоз аз ҷониби Саидов чӣ муносибат дорад? Чаро онҳоро ду бор ба вохӯрӣ даъват кардан зарур аст, ҳам дар замони тафтишоту ҳам дар мурофиаи судӣ? Ба ҳар ҳол, агар ҳангоми тафтишот аз мо камбудие роҳ ёфта бошад, бо тартиботи судӣ метавонанд вохӯрии онҳоро барпо кунанд. Худи суд метавонад онҳоро даъват намояд», - изҳор дошт Абдуфаттоҳи Ғоиб.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста