Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбати як узви Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Фирдавс Соҳибназаров, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷомӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дода, изҳор намуд, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, Ф.Соҳибназаров, дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 253 (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё суистифодаи боварӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 262 (Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда) гумонбар дониста мешавад.
Раҳматилло Зойиров ҳамчунин гуфт, ба сифати адвокат шахсан аз манфиатҳои Фирдавс Соҳибназаров ҳимоят хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста