Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» - нозири корҳои хоҷагидорӣ Парвиз Одинаев ва нигаҳбони даромадгоҳи ширкат Сиёвуш Маҷидовро ба содир намудани амали коррупсионӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ гумонбар медонад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, моҳи ноябри соли 2014 шаҳрванд А.Шарифов бо мақсади ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ, барои эҳтиёҷоти дӯконаш ба ширкат муроҷиат мекунад.
«П.Одинаев ва С.Маҷидов бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ барои эҳтиёҷоти дӯкони шаҳрванд А.Шарифов бо як маҳорати баланди қаллобӣ шаҳрванд Шарифовро гумроҳ намуда, аз ӯ маблағи 400 доллари амрикоиву 300 сомонӣ мегиранд ва 26 январи соли 2015 аз ин шаҳрванд боз 100 доллари амрикоӣ талаб намудаанд», - омадааст дар маълумоти Агентии зиддифасод.
Гуфта мешавад, А.Шарифов ин амалҳои қаллобии онҳоро пай бурда, моҳи январи соли равон ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. «Рӯзи 27 январ Парвиз Одинаев ҳангоми гирифтани 100 доллари ИМА бо далели шайъӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шуд», - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в,г»-и КҶ ҶТ (Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб, бо расонидани зарари ҷиддӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста