Роҳбари созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» аз маҳбаси шаҳри Истамбул раҳо шуд. Ӯ аз моҳи декабри соли гузашта дар он қарор дошт.
Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин бора хабар дода, изҳор доштааст, ки онҳо ӯро пешвоз гирифта, айни замон дар манзилаш қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта Умаралӣ Қувватов барои риоя накардани муқаррароти будубош боздошт шуд. Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева хабар дода буд . Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик Николай Николаев низ тасдиқ кард. Моҳи октябри соли гузашта созмони «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон ифротгаро эътироф гардида, фаъолияташ манъ гардид.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ, азхудкунии амволи шахсони дигар, аз ҷумла 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) гумонбар медонад.
Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ чанде қабл зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт , ки нисбат ба Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ оғоз шудааст. «Ғоибона нисбат ба Қувватов чораи пешгирии нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ гардида, тавассути мақомоти мо таҳти пайгард қарор дода шудааст. Маводи ҷустуҷӯйи ӯ ба Интерпол (Пулиси байнулмилал) ирсол гардидаст. Вай дар Дубай боздошт шуд. Мо мавод пешниҳод кардем, вале ҳукумати ин кишвари арабӣ дархости моро барои истирдоди Қувватов қонеъ нагардонданд. Айни замон ҳуҷҷатҳо барои истирдоди ӯ ба Туркия фиристода шудаанд. Ҳоло таҳқиқ идома дорад, бисёр ҳолатҳои он сирри тафтишотӣ аст ва мо ифшо карда наметавонем», - иброз дошта буд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста