Рӯзи 29 январи соли 2015 шаҳрванд Қосимова О.Д. ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе нисбати мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Шаҳодат Ҳайдарова ва мутахассиси бахши ҳамин муассиса Малика Мадаминова оид ба амалҳои ғайриқонуниашон бо ариза муроҷиат намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҶТ, номбурдагон барои иваз намудани ному насаби писари шаҳрванд Қосимова, ки ному насабаш Бурҷинов Аломуддин мебошад аз ӯ маблағи 100 сомонӣ гирита, боз овардани маблағи 150 доллари амрикоиро талаб кардаанд.
«Санаи 29 январи соли 2015 зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, Мадаминова мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми гирифтани маблағи 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз шаҳрванд Қосимова дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва мусодира шуданд», - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур санаи 29 январи соли 2015 нисбати Мадаминова М. ва Ҳайдарова Ш. А. бо моддаи 324 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста