Нисбати мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудов чораи пешгирии ду моҳ таҳти ҳабс қарор додан татбиқ мешавад. Чунин қарор рӯзи 13 феврал аз ҷониби суди ноҳияи Исоили Сомонӣ содир гардид. Ҷ.Маҳмудов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бузургмеҳр Ёров, адвокати Маҳмудов дар ин робита иттилоъ дод, ки зерҳимояаш қисман айби нигаҳдории силоҳро эътироф мекунад. «Ӯ мегӯяд, ки соли 1996 бо мақсади амният ба ӯ силоҳ дода шуда, гуноҳаш ин аст, ки саривақт онро қонунӣ накард ва тамоман аз хотираш фаромӯш шуда буд. Аз ин рӯ, ӯ қонун дар бораи нигаҳдории силоҳро риоя накардааст», - иброз дошт Ёров.
Ба гуфтаи Барот Беков, адвокати дигари узви фаъоли ҲНИТ, ҷониби ҳимоя дар бораи бекор кардани қарори суди ноҳия оид ба татбиқи чораи ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан ариза омода мекунад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи боздошти узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ изҳорот интишор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста