Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд як нафар сокини 36-солаи шаҳри Ғафуров, муваққатан бекор, дастгир гардид, ки дар даст сумкаи варзишӣ дошт.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дастгиршуда ба кормандони оперативӣ фаҳмонд, ки дар сумка компютер дорад ва онро барои таъмир мебарад. Кормандони оперативӣ дар дохили компютер ба ҷои ноқилҳои барқӣ 8 адад бастаҳои скотпечро бо маводи бӯи махсус дошта ошкор намуданд.
Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии РВКД дар вилояти Суғд муайян намуданд, маводи мусодирашуда героин буда, вазни он 8 килограммро ташкил менамояд.
Дастгиршуда дар тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки маводи мусодирашуда ба шиноси ӯ бо номи Фурқат тааллуқ дорад. Пас аз андешидани чораҳои оперативӣ корманди ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо рутбаи “майор” дастгир гардид. Тавре муайян гардид, майор ният дошт героинро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Барои амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ ӯ ҷавонони муваққатан бекорро ҷалб намуд ва ҳатто ваъда дод, ки пас аз фурӯхтани маводи мухаддир бо онҳо ҳисобу китоб мекунад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз гардидааст.
Ҳоло тафтишот муайян намуда истодааст, ки чӣ гуна ва аз кӣ майор маводи мухаддирро харидорӣ намудааст.
Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.
Бояд таъкид кард, ки аз аввали сол ин дуюмин ҳодисаи аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста