Академияи Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия иттилоъ медиҳад, ки соли 2014 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 28 ҳазору 496 шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, чаҳоряки онҳо – 7 ҳазору 786 нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки шумори зиёдтарини шаҳрвандони хориҷии маҳкумшуда аст. «Шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон дар муассисаҳои ислоҳии Русия ба 6 ҳазору 746 нафар, Украина – 2 ҳазору 964 нафар ва Озарбойҷон ба 2 ҳазору 846 нафар баробар аст», - хабар медиҳад манбаъ.
Тибқи маълумоти « Известия », агар соли 2013 шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои ислоҳии Русия 26,6 ҳазор нафарро ташкил медод, пас дар соли 2014 шумори онҳо то 28,5 ҳазор нафар расида, дар ҳамин ҳол, 95%-и онҳо аз робита бо маъмурияти муассисаҳо даст мекашанд ва ҳар кадоме аз се нафар мунтазам реҷаи будубошро риоя намекунанд.
Гуфта мешавад, аз шумори умумии маҳкумшудагон каме бештар аз 5%-ро муҳоҷирон ташкил дода, 90%-и онҳо шахсони синнусоли коршояманд ва 11,8%-ашон то маҳкумшудан дорои 2 соли собиқаи корӣ, 26,8%-ашон дорои то 10 соли собиқаи корӣ ва 43,2%-ашон дорои 15 сол ва зиёда аз он собиқаи корӣ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста