Суди олии Тоҷикистон имрӯз шикояти адвокат Бузургмеҳр Ёров нисбати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ҷаласаи рӯзи 12 феврал КМИР аризаи номзади пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон Бузургмеҳр Ёров аз ҳавзаи якмандатии интихоботии №8 Сомониро баррасӣ намуда, тасмим гирифт, ки қарори қаблан қабулшуда дар бораи рад кардани сабти номзадии Б.Ёров бетағйир гузошта шавад.
Адвокат Бузургмеҳр Ёров санаи 14 январ ба ҳавзаи интихоботии зикршуда бо дархости сабти расмии номзадиаш ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муроҷиат намуд, аммо дар муҳлати муқарраршуда ба комиссияи интихоботӣ маълумотнома дар бораи амволро пешниҳод накарда, гаравпулии интихоботиро ҳам пардохт накард.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода муроҷиати Ёров ба суд аз рӯи ин масъаларо беасос номида, такроран изҳор намуд, ки адвокат ҳақиқатан ҳам ба комиссияи интихоботӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти расмӣ ба сифати номзадро пешниҳод накардааст. Абдуманнон Додозода имрӯз дар суд аз манфиатҳои КМИР ҳимоят хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста