Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки ахири моҳи январ ба ин мансаб таъин гардид, рӯзи 24 феврал бо иштироки кормандони масъули мақомоти прокуратура, намояндагони ВКД, КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод ҷаласаи васеи ҳайати мушовара (коллегия)-и Прокуратураи генералиро баргузор намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаи иҷрои дастурҳои президент бобати тақвияти мубориза бо коррупсия, ки санаи 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амният садо дод, баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, Юсуф Раҳмонов ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус зуҳуроти коррупсионӣ дастур дода, тақозо кард, ки сифати тафтишоти пешакии парвнадаҳои марбут ба коррупсия беҳтар гардонида шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки Юсуф Раҳмонов зимни сухаронӣ таъкид доштааст, ки назорати прокурорӣ нисбат ба парвандахои ҷиноие, ки беасос боз шудаанд, пурзӯр карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста