Се сокини вилояти Суғд, аз ҷумла як ноболиғ ба даст доштан дар тахриби терминалҳо гумонбар дониста мешаванд.
Аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки се тан аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ф.Б.-и 19-сола, Т.Р. – и 18-сола ва толибилми синфи 11 Х.Д. ба тахриби теминалҳо дар қаламрави шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов машғул будаанд.
«Муайян карда шудааст, ки онҳо 11 адад терминали интиқоли маблағ барои алоқаи мобилиро шикаста, 8 ҳазору 74- сомонӣ пули нақдро азхуд кардаанд ва дар ҳамин ҳол, ҳаҷми зиёни расида аз амали онҳо 10 ҳазору 320 сомониро ташкил медиҳад», - гуфтанд дар Раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин афроди гумонбаршуда мутобиқи моддаи 244, қисми 2 –и КҶ ҶТ (Дуздӣ) парванлдаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста