Суди олии Тоҷикистон имрӯз, 3 март шикояти Раҳматилло Зойиров, ҳимоягари адвокат Шуҳрат Қудратов нисбати содир шудани ҳукми 9 соли зиндони низомаш шадидро баррасӣ мекунад.
Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баррасии шикояти кассатсионӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар он аз иштироки худи маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов низ интизорӣ меравад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.
Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 сол ва тибқи моддаи дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум намуда, аммо бо назардошти қонуни афв, муҳлати ҷазо то 9 сол кам карда шуд.
Қаблан Қудратов аз суд дархост намуда буд, ки аз айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшуда гунаҳкорӣ тибқи моддаи 320-и КҶ ҶТ (Додани пора) гирифта шавад.
Нимаи моҳи январи соли равон Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дода буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд, ба ин мақомот халал мерасонд, «вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста